Конститутсия –ҳимоятгари манфиатҳои мардум

1509688277339

КОНИБОДОМ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба муносибати 23-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибки нақшаи корӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ташкилоту муассисаҳо хонишҳои оммавӣ таҳти унвони «Конститутсия-ҳимоятгари манфиатҳои мардум» сурат гирифт. Аз ҷумла чунин чорабини дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 таҳти роҳбарии аъзои фаъоли ҳизб сарвари муассиса  Қодирова Мастурахон  бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ доир гардид. Дар рафти он хонандагони синфҳои 11 ум  аз бобу моддаҳои Конститутсия ёдовар гардида, суруду шеърҳо қироат намуданд. Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯзҷон Ҳоҷиев иштирокдоронро бо санаи муҳими таърихӣ-Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, оид ба аҳамияти таърихии қабули Конститутсия ва нақши он дар таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ибрози назар кард.  Дар вазъияти тантанавӣ барои 8 нафар омӯзгорони ҷавон шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>