Мулоқот дар ташкилоти нави ҳизбии Пойгоҳи бостоншиносӣ

IMG_4554

ПАНҶАКЕНТ. Дар арафаи 23-юмин солгарди қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо аъзоёни ҳизб аз ташкилоти навтаъсиси  Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм мулоқот баргузор гардид.  Вохӯриро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ҳусни оғоз бахшида, бостоншиносонро барои қабул шудан ба ҲХДТ ва таъсис ёфтани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар арафаи ин иди муқаддас шарафи бузург арзёбӣ намуд. Қайд гардид, маҳс бо шарофати истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини корҳои ободонӣ ва созандагӣ ва дастрасии ҳуқуқу озодиҳои мукаммал дар асоси Конститутсия мо ба ин рӯзҳои нек расидем. Масъулият ва дастгирӣ дар ташкилоти ибтидоии Пойгоҳи бостоншиносӣ  нишон медиҳад, ки эътиқоди кормандони Пойгоҳи бостоншиносӣ  нисбат ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зиёд аст. Далели  гуфтаҳои боло ин сарҷамъона пазируфта шудан ба  узвияти  ҲХДТ мебошад.Дар охири мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар  вазъияти тантанавӣ ба 14 нафар кормандони Пойгоҳи бостоншиносӣ Шаҳодатномаҳои ҳизби супорид. Ҳамагон бо иди бузурги Рӯзи Конститутсия табрик карда шуда  ва ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ, барори кору комёбиҳои беназир таманно намуд. Ҳамин тавр миқдори аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Пойгоҳи бостоншиносӣ ба 19 нафар расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>