Даҳ хусусияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

9_400x267

ХУҶАНД. Дар яке аз қисмҳои ҳарбии комендатураи ҳарбии гарнизони Суғд дар шаҳри Хуҷанд доир ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории навин мулоқот баргузор гардид. Суннатулло Латифов, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуъи «Даҳ хусусияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаи илмӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 Қонуни асосии давраи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди марҳилаи нави давлатдории миллии тоҷик мебошад. Дар он таҳкурсии ҳуқуқии давлати нави миллӣ гузошта шуда, шакл, моҳият, ҳадаф ва вазифаҳо муайян карда шудаанд. Ин санади олӣ манфиатҳои мардуми бошарафи Тоҷикистонро таҷассум намуда, аз Конститутсияҳои қаблӣ тавафоти куллӣ дорад. Маърӯзагузор зимни баромади худ доир ба 10 хусусияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>