Риоя ва ҳифзи Конститутсия кафолати таъмини қонуният

20170915_161113

БӮСТОН. Тибқи нақшаи кории кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  бахшида  ба 23-солагии қабули Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки афсарону сарбозони  қисмҳои низомии дар шаҳр воқеъбуда аз ҷумла, 01972 (двизия) 051056 Горди миллӣ хонишҳои сиёсӣ дар мавзӯи «Риоя ва ҳифзи Конститутсия кафолати  таъмини қонуният» баргузор гардид. Дар  ҷамъомадҳо аъзоёни гурӯҳи  тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар шаҳр ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуда, оиди  таърихи қабул ва принсипҳои  асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд. Аз ҷониби сармутахассис оид ба корҳои маъмурию ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Миркамолов К. ва  номзади илми ҳуқуқи  ДКМТ Саидов А.  принсипҳои соҳаи ҳуқуқии Конститутсия аз ҷумла, принсипи  ҳокимияти  халқӣ( моддаи 6), волоияти қонун ва озодии инсон (моддаи 5), принсипи тақсимоти  ҳокимият (моддаи 9) муфассал шарҳ дода шуд. Мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳр дар баромади худ қайд намуд, ки Конститутсия поягузори давлати  соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон аст. Аъзоёни  гурӯҳи  тарғиботии кумиҷроияи шаҳрӣ  оид ба таърихи  қабул ва  марҳилаҳои ворид намудани тағироту иловаҳо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳарф заданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>