Конференсияи илмиву назариявӣ

20171103_124842

БӮСТОН. Бо ташаббуси аъзоёни кумиҷроияи шаҳри Бӯстон  бахшида ба  23 — солагии  рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон  конференсияи  илмӣ- назариявӣ баргузор гардид. Дар  кори конференсия  аъзоёни кумиҷроия шаҳрӣ дар мавзӯҳои мухталиф оид ба  таъриху моҳияти  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва рушду нумӯи қонунгузории кишвар баромад намуданд. Ректори Донишкада, аъзои  кумиҷроияи шаҳрӣ Фозилзода Мухтор  оид ба  таҳия ва  қабули қонунҳо ва дигар  санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ бо  дарназардошти арзишҳо ва  манфиатҳои миллӣ сухан кард.     Раиси КИ ҲХДТ дар  шаҳри Бӯстон Мухторова Г.У. дар мавзӯи рушди низоми қонунгузории  кишвар, тақкими рукнҳои  давлати ҳуқуқбунёд ҳифзи сулҳу субот баромад  карда, қайд намуд, ки  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз  паёмҳояшон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз  дастовардҳои  бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва  иҷтимоию фарҳангӣ баҳои баланд додаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>