«Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» ҷамъбаст гардид

0-02-01-8f75e18afb94221de0c2d4c8bfd66407ec5af0cb8b034a7b78a7c4ef32504d4f_full

ДУШАНБЕ. Даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» санаи 4-уми ноябр дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бо намоиши 30 барномаи консертӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз тантаҳои асосӣ ва ҷамъбастии «Соли ҷавонон» маҳсуб меёбад. Фестивал бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. Мақсади Фестивал — сазовор таҷлил намудани «Соли ҷавонон», дар замири кӯдакону наврасон ва ҷавонон тарбия намудани ҳисси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва санаҳои барои миллати тоҷик тақдирсоз, ки тавонист саодати миллати тоҷикро таъмин намояд, мукаммал намудани захираи кадрӣ баҳри рушди ояндаи санъати касбии Тоҷикистон, ташаккул додани нерӯи эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагӣ (навозандагиву сарояндагӣ) ва композиторӣ, тарғибу ташвиқи ҷавонӣ ва ҳунари асил, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва маҳорату малакаи касбӣ мебошад.  Муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи эҷодиёти бадеии ҷавонон, санъати мусиқии касбии миллӣ ва ҷаҳонӣ, ғанӣ гардонидан ва фаъол намудани тафаккури бадеӣ, қавӣ сохтани меъёрҳои ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавон баҳри густариши маънавиёти ҷомеаи имрӯзаю ояндаи Тоҷикистон ва шакл гирифтани коллективҳои нави эҷодии кӯдакону наврасон аз ҳадафҳои муҳими Фестивал аст. Ҳунарнамоии ҳар як иштирокчии Фестивал аз тарафи ҳайати бонуфузи ҳакамон баҳогузорӣ карда шуд. Наврасону ҷавонон бо шавқи зиёд ва таваҷҷуҳи хоса дар давраҳои шаҳрию вилоятии Фестивал иштирок намуданд. Чорабинии нахустин дар доираи Фестивал рӯзи 7-уми октябри соли 2017 дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба20171104_105509 номи Ато Муҳаммадҷонови вилояти Хатлон баргузор гардид. Ҳунармандони наврасу ҷавони вилоят 25 номгӯйи барномаи ҳунариро ба намоиш гузоштанд. Чорабинии дигар дар толори Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён»-и вилояти Суғд рӯзи 14-уми октябр сипарӣ шуд. Барномаи консертии вилоятӣ аз 31 барномаи ҳунарӣ иборат буд. Хонандагон ва донишҷӯёни мактабу коллеҷҳои махсуси бачагонаи мусиқӣ, санъат ва фарҳангии шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми октябр ҳунару маҳорати касбии худро дар доираи 38 барномаи ҳунарӣ намоиш доданд. Даври минтақавии Фестивал дар ноҳияи Рашт рӯзи 28-уми октябр бо фарогирии 20 барномаи ҳунарӣ сурат гирифт. Ҳамин гуна чорабинӣ дар мактабҳои мусиқии ВМКБ низ баргузор карда шуд. Иштирокчиён таъкид мекунанд, ки имрӯз маҳз бо шарофати сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Соли ҷавонон» мо аз ҷавонӣ тараннум мекунем ва шукрона аз фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ менамоем. Шиори мо – поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол! Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд аз ҷавонӣ ва саодате, ки бароямон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардааст, тараннум намоем. Фестивал имконияти хуби дарёфти чеҳраҳои ҷавон дар соҳаи фарҳангу ҳунар мебошад. Иштирокчиёни Фестивал аз рӯйи намудҳои сарояндагӣ, навозандагӣ ва композиторӣ ҳунари хешро пешниҳод намуданд.  Ғолибони Фестивал бо Диплому Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд. Дар фестивали мазкур аз вилояти Суғд 9 нафар иштирок намуда, ғолиби даври ниҳоии фестивали ҷумҳуриявии мусиқии касбии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Тараннуми ҷавонӣ ва саодат» гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>