Он ки ба мо хиёнат кунад аз мо нест

121212

АНДЕША. Дини мубини ислом дини некиву накӯкорӣ, дини раҳму шавқат, дини саршор аз ғояву арзишҳои бунёдкоронаву раҳнамунсозандаи бани башар ба сӯи ояндаи ободу дурахшон ба ҳисоб рафта, маҳз аҷдодонамон ин дини писандидаро ҳамчун рукни ҷудонопазири фарҳанги миллӣ эҳтиром қоил буда, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи арҷгузорӣ ва иҷрои фаризаву суннатҳои он ҳидоят менамуданд. Боиси хушнудист, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо бо роҳбариву раҳнамоии марди оқилу дурандеш, сиёсатмадори варзида, фарзанди ҷоннисори Ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои дини мубини ислом иқдомҳои судманд рӯи кор гирифта шуда, дин ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли шоистаи замон ва ҳидоятгари ҷомеа ба сӯи ояндаи ободу осуда мақоми хосаеро соҳиб гардид. Далели равшани гуфтаҳои болоӣ бо супориши Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда ройгон ба мардум тақсим гардидани китоби Қуръони карим, таҷлил намудани 1310-солагии пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам ва соли бузургдошти ин шахсияти бузурги олами ислом эълон шудани соли 2009, то соли 2013 аз 17 адади замони шӯравӣ то ба чор ҳазор адад расидани масҷидҳо, аз 30 нафар ба беш аз 200 ҳазор нафар расидани ҳоҷиён, таъсиси гимназияву донишкадаи исломӣ ва амсоли инҳо мебошад. Маҳз чунин дастгириву пуштибониҳои давлату Ҳукумати кишвар аст, ки имрӯзҳо ҳатто дар бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон дар муқоиса бо пойтахти давлатҳои исломӣ вобаста ба теъдоди аҳолӣ шумораи масҷидҳо бештар аст. Дар баробари ин борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои умумиҷаҳонӣ аз қабили минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят кардани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дини мубини ислом ва поку беолоза нигоҳ доштани он, ҳеҷ робитае ба зуҳуроти нангини аср, аз ҷумла терроризм ва экстремизм надоштани он шаҳодати равшани ин гуфтаҳост.    Бо мақсади шинохти ҷойгоҳи дини мубини ислом дар самти тарбияи мардум дар руҳияи таҳаммулгароӣ ва тарғиби суботу оромӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи афроди миллат ва ҷомеа ҳанӯз 4 июли соли 2013 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат мулоқот баргузор намуда, дар ин росто аҳли ҷомеа ва мардуми шарафманди тоҷикро ба омӯзиш ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ ва диниамон аз қабили некиву накӯкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагон раҳнамоӣ намуданд.     Оид ба амалисозии манфиатҳои геополитикиву қудратҷӯёнаи давлатҳо Сарвари давлат бамаврид таъкид намуданд, ки «Муборизаҳои геополитикӣ, аз як ҷониб ва мухолифатҳои қавмиву мазҳабӣ аз ҷониби дигар, дар қолаби муборизаҳои сиёсӣ тобишҳои гуногуни динӣ гирифтаанд. Дар заминаи ҳамин муборизаҳо дар олами ислом ҳизбу ҳаракатҳои диниву сиёсӣ ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геополитикиву қудратҷӯёнаи давлатҳо фаъол шудаанд. Вобаста ба ин, борҳо гуфта будам ва боз таъкид менамоям, ки ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард». Дар ин маврид Пешвои миллат барҳақ таъкид намуданд, ки «ба истифодаи ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад». Дар идомаи таъкид зикр доштанд, ки «касе ҳаққи сӯйистифода аз эътиқод ва эътимоди динии мо ва махлутгардонии онро дар муборизаҳои шахсиву сиёсӣ надорад». Ҷоизи қайд аст, ки имрӯзҳо маҳз сӯйистифодаи дини мубини ислом ва дар доираи арзишҳои олии он амалӣ намудани мақсаду ҳадафҳои нопоки иддае аз гумроҳон ба бадномсозии ин дини таҳаммулгаро замина мегузорад. Масалан аксари ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳое, ки бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар экстремизм ва терроризми байналмилалӣ бо қарорҳои дахлдори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардида дар қаламрави кишвар фаъолияти онҳо манъ карда шуданд, бо омезиш ба дини мубини ислом ва сӯйистифода аз ин дини мубин рабт доранд. Аз ҷумла аз қатори 17 ташкилоти террористӣ-экстремистии фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъбуда, ҳатто аз номи 15 адади он маълум аст, ки рӯйрост онҳо байни уммати мусалмон тафриқа ва ғаразкорӣ намуда, андешаҳои нопоки хешро бо андешаҳои созандаи дини мубини ислом омезиш дода, ҷавонону аҳли башарро ба низову ихтилофот ҷалб менамоянд. Аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои: «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ал-Қоида», «Ҳаракати Исломиии Туркистони Шарқӣ», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмонон», «Лашкар-е Тайба», «Гуруҳи исломӣ» («Дҷамият-с-Исламии Пакистан»), «Ҷамоати Таблиғ», «Созмони таблиғот» («Призқв к исламу»), «Салафия», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» аз қабили онҳо мебошанд. Гарчанде аз қабили ин ҳизбу ҳаракатҳои манъшуда «Гуруҳи 24» ва «Тоҷикистони озод», ки дар номи ташкилотҳояшон номи исломӣ ва марбут ба ислом нест, аммо фаъолияти пайравон ва аъзоёни онҳо пурра хилофи фармудаҳои Худову Расул буда, панҳкунии ақидаву андешаҳояшон тариқи иваз кардан ва мутобиқ ба фаҳмишу хости худашон тарҷумаву корбурди сураву оятҳои Қуръони карим ба роҳ монда мешавад.      Чун замони ҷаҳонишавӣ ва рушди бемайлони илму техника ва технологияи муосир аст, ҳамарӯза шоҳиди ин ё он фаъолияти ғайриқонуниву ғайришаръии ин ё он гуруҳҳои тахрибкор мегардем. Аз кирдору амалҳои разилонаи онҳо маълум мешавад, ки даҳшатафканиву фитнагарӣ, тафриқаандозиву мардумозорӣ, вайронкориву тахрибкорӣ, бо истифодаи номи мубораки «Аллоҳ» даст задан ба амалҳои нангине чун қатлу куштори мусалмонони бегуноҳ, хунрезиву зулму ситам ҳеҷ робитае ба дини мубини ислом надошта, баръакс дини ислом ин амалҳоро пурра зишт ва ҳаром мешуморад. Чун инҷо сухан дар мавриди баста шудани ҳизби наҳзати исломӣ меравад, мо мехоҳем масъалаи рафтору кирдори разилонаи наҳзатиёни гумроҳро бо фармудаҳои Худову Расул муқоиса намоем. Дар мавриди бегуноҳ ранҷонидани мардон ва занони мусалмон  Худованд дар сураи Аҳзоб мефармояд “Онон, ки мардон ва занони мусулмононро меранҷонанд, бидуни онки гуноҳе карда бошанд, ҳар оина барои буҳтон ва гуноҳи ошкороеро бардоштаанд”. Ҳамзамон дар ин маврид аз Абӯҳурайра (ривоят) аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: Он ки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад аз мо нест. Ва дар ривояте аз ӯ омада, ки Расули Худо (с) аз канори анбори таъоме гузашта, дасташро дар он дохил намуд, ки ба ангуштонаш рутубат расид, фармуд: Эй соҳиби таъом, ин чист? Гуфт: Ё Расулуллоҳ, борон ба он расида. Фармуд: Чаро онро болои таъом нагузоштӣ, то мардум онро бубинанд. Касе ки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест.  Яъне инҷо хиёнат кардан ба маънои том дарҷ гардидааст. Аз ин рӯ, Паёмбар (с) хитоб мекунад, ки: “Ба касе, ки дар ислом роҳи бадеро оғоз мекунад, ӯ бори гарони ин гуноҳ ва гуноҳи онҳое, ки аз ин роҳ пайравӣ мекунанд бидуни заррае кам кардани ин бори масъулият ба дӯш мегирад”. Аз ин бармеояд, ки саркардагони ТЭТ ҲНИ чӣ қадар гуноҳи азимеро бар дӯш доранд… Дар мавриди эҳтироми бузургсолон ва дастгирии мутоҷону кӯдакон бошад Паёмбар (с) фармудаанд: “Касе ба калонсолони мо эҳтиром нагузорад ва ба хурдсолони мо раҳму шафқат накунад, аз мо нест”. Аммо амалҳои нангини ҷангиёни “Давлати исломӣ”, ки ҳамарӯза ошкор мегардад на раҳм ба бузургсолон ва ба кӯдакон дида намешавад.  Вобаста ба гиромидошти арзишҳои олии дини мубини ислом, ки дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст, бояд ҳар як фард саҳмгузор бошад. Моро зарур аст, ки дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳо ва роҳнамоиву пуштибониҳои Сарвари давлат амал намуда, барои рушди босуботи Тоҷикистони маҳбуб саҳмгузор бошем. Дар мавриди риояи ҳидоят ва раҳнамоиҳои ҳокими вақт аз ҳаёти босаодати пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам дар ин маврид мехоҳам ривоятеро нақл намоям: Имом Абулайло муддати сӣ сол дар Кӯфа қозӣ буд. Имоми Аъзам (р) барои изҳори ҳақиқат ва ислоҳи умур ба баъзе фатвои эшон эътироз мекард. Ин буд, ки Абулайло ба ҳоким шикоят кард ва ҳоким Имоми Аъзам (р)-ро аз фатво додан манъ кард. Рӯзе Имом Абӯҳанифа дар хонааш нишаста буд, ки духтараш пурсид:  - Падарҷон, имрӯз рӯзадор будам, аз милки дандонам хун ҷорӣ шуда, ба ҳалқам рафт, оё рӯзаам боқист ё не?

- Духтарам, аз бародарат Ҳаммод бипурс, ки маро ҳоким аз фатво додан манъ кардааст (“Воқеоти ҳайратангези Имоми Аъзам Абӯҳанифа”).

Дар мавриди дастгириву пуштибонии муҳтоҷону ноумедо ва расонидани кӯмак ба онҳо низ бузургмарде мефармояд:

Ҳама рӯз рӯза будан, ҳама шаб намоз хондан,
Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан.
Зи Мадина то ба Каъба сару по бараҳна рафтан,
Ду лаб аз барои лабайк ба вазифа боз кардан.
Ба Худо ки ҳеч касро самар он қадар набошад,
Ки ба рӯи ноумеде дари баста боз кардан.

Дар интиҳо бо баёни ин нигошта аз Шумо хонандаи азиз, бахусус ҷавонони саодатманд хоҳиш менамоем, ки ба ҳар гуна фитнаву дурӯягӣ ва тафриқаандозиву гумроҳсозии ТЭТ ҲНИ, аъзо ва пайравони гуруҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи 24 бовар накунем ва барои пешгирии чунин омилҳо ва ҳидояти ҷавонон ба сӯи ояндаи ободу осуда саҳмгузор бошем. Зеро мутаассифона, баъзе шахсони содда ва зудбовар фирефтаи суханони и чунин бадхоҳону бадандешон мешаванд. Каломи осмонии Худованди якто — Қуръони азимушшаън мӯъминонро огоҳ кардааст, ки ба гуфтаҳои фосиқону мунофиқон бовар накунанд. Чунончи Худованд дар ояти 6 сураи “Ҳуҷурот” мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед”.

            Фарҳод Воҳидов

2 Responses to Он ки ба мо хиёнат кунад аз мо нест

  1. Фарҳод Воҳидов:

    Кабирӣ дар ҳақиқат хоини миллат аст ва ба Тоҷикистон заррае раҳму шафқат надорад. Вобаста ба ин моро зарур аст, ки аз чунин бешарафон канораҷӯӣ намоем. Ҷавононро аз чунин шахсиятҳои касофат дур намоем

  2. Фарҳод Воҳидов:

    Марг ба террорист Кабирӣ ва наҳзатиёни лаънатӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>