Конститутсия – бахтномаи миллат

бг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар мактаб – интернат барои кӯдакони кар ва шунавоиашон сусти ба номи Т.Ғаффоров-и ҷамоати деҳоти Хистеварз чорабинии адаби фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини озоди кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар минтақаи Хистеварз Ҷӯраева.М. иштирок ва баромад намуда, ҳамагонро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муборакбод намуд. Зимни суханронӣ ӯ афзалият ва моҳияти Конститутсияро шарҳ дод. Баъди ба Истиқлолият соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститусия ба миён омад ва 6 ноябри соли 1994 тариқи овоздиҳии умумхалқӣ Конститутсия қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Рӯзи овоздиҳии умумихалқӣ, яъне 6 ноябр ҳамчун иди умумимиллӣ эълон карда шуда, ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Муовини озоди КИИ ҲХДТ дар минтақаи Хистеварз Ҷӯраева.М. дар охири баромади худ даъват ба амал овард, ки мо бояд Конститутсия ва қонунҳоро донем, омӯзем ва аз рӯйи он амал намоем. Дар чорабинӣ барои зиёда аз 200 нафар хонандагони мактаб – интернати махсуси минтақаи Хистеварз дастархони идона ороста шуда, баҳри болидахотирии хонандагон дастагули мусиқӣ ва барномаи омоданамудаи хонандагон пешкаши ҳамагон карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>