Мусобиқа оид ба варзиши сабук

2

ИСТАРАВШАН. Ба истиқболи 25 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз тибқи нақша чорабиниҳои аксияи Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!” дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав тармиму обод карда шуда буд мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ байни ҷавонони мактабҳои шаҳру деҳоти шаҳри Истаравшан оид ба варзиши сабук бо як тантанаи пуршукӯҳ ва хело шавқовар гузаронида шуд. Мусобиқа нишон дод, ки ҷавонон нисбат ба соҳаи варзиш шавқу завқи зиёд доштаанд. Исботи ин гуфтаҳо аст, ки ҷойҳои намоёнро дар турниккашӣ Неъматов Рамазон аз МТМУ №47, дар давидан ба масофаи 100м Ӯзбеков Шаъбон аз МТМУ №1, дар байн  духтарон Халилова Исмигул аз МТМУ №22, дар ҳаво додани норинҷак ба дурӣ Маъмуров Хушрӯз аз МТМУ №22 соҳиб гаштанд. Дар ҷамъбасти мусобиқа роҳбари Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Истаравшан Ваҳобов Фирӯз ғолибонро табрику таҳният гуфта қайд намуд, ки ҷавонони мо имрӯз рисолати худро дар ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан, баҳри муаррифии бештари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ дар соҳаи варзиш ҳиссаи арзанда хоҳанд гузошт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>