Мулоқот бо занони хонашин

20171103_113440

КОНИБОДОМ. Ҷиҳати фахмонидани мазмун ва моҳияти Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар кумитаи маҳаллаи «Куйбишев» вохӯрӣ бо занони хонашин гузаронида шуд.  Дар вохӯрии мазкур Холматова Х- ҷонишини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Бобоҷонова М — раиси  кумитаи маҳаллаи ба номи «Куйбишев» иштирок дошта, оид ба пош хурдани давлати абадкудрати Шуравй дар аксари ҷумҳуриҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистони оид ба эътидол овардани вазъи ногувори ба амал омада, мақомоти Конунгузори ҷумҳурӣ хулоса омад, ки Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистонро дар қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Урунхуҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор намояд ва Иҷлосияи мазкур дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун Иҷлосияи сарнавиштсоз ворид гардид,  баромад намуд. Инчунин ӯ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оил», «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба тарбияи ҷавонондухтарон, бартараф намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар оила ва ҷомеа, роҳҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва таъсири волидайн ба даъвати ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.      Дар охир Бобоҷонова М- раиси кумитаи маҳаллаи ба номи «Куйбишев» ҷаласаро ҷамъбаст намуда, оид ба таълим ва тарбияи наврасон дар хона хусусан оилаҳое, ки фарзандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, муносибати наварӯсон бо хушдоман ва ғайраҳо фикру ақидаҳои худро иброз намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>