Мулоқоти судманд дар ташкилоти ибтидоӣ

20171103_090746

ХУҶАНД. Дар ташкилоти ибтидоии корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсия ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Ғаффорхон Муҳиддинов, Олимҷон Ҳасанов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзиданд. Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Наим Маликисломӣ доир ба таърихи қабули Конститутсия ва нақши он дар ҷомеаи демократӣ баромад намуда, аз ҷумла зикр сохт, ки «Қонуни асосии кишвар, ки дар марҳилаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташак­кули давлати мустақил қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқ­лолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки созандаи пешрафту тараққиёти давлати муосир асос гузошт». Инчунин, қайд гардид, ки дар рӯзгори ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд. Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳоии давлати нав баистиқлолрасидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард. Дастовардҳои баъдинаи халқи тоҷик маҳз аз татбиқи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур сарчашма мегиранд. Роҳбарияти корхонаи воҳиди давлатии «Хуҷандобуканал» баргузор гардидани чунин мулоқотро амали саривақтӣ арзёбӣ намуда, зикр сохтанд, ки он барои баланд гардидани дониши сиёсии кормандон мусоидат менамояд. Дар охири чорабинӣ раиси ташкилоти ибтидоии «Хуҷандобуканал» Абдуносир Қодиров аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ бо  Ифтихорномаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>