Амалҳои дастурдиҳӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

20171102_102911

БӮСТОН. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҷониби масъулони кумиҷроияи вилоятӣ дар ташкилотҳои ибтидоии  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон  амалҳои санҷишиву дастурдиҳӣ  роҳандозӣ гардид. Роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилоят Зоҳидов Ф.А. ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Акбарзода М. аз фаъолият ва ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дидани намуда, бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ  мулоқот баргузор намуданд. Ҳангоми санҷиши ташкилотҳои ибтидоии  «Евро-Азия», «Фарҳангиён» ва «РХМК»-и кумиҷроия  дар самти  қабул, қатъ ва боздошти узвият ба ҳизб мутобиқи  банди 3.2. Оиннома,  баргузории саривақтии маҷлисҳои  ҳизбӣ, вазифаҳои узви ҳизб дар ташкилотҳои ибтидои мувофиқи  банди 3.5. Оиннома ва  тартиби бақайдгирии увзи ҳизб мавофиқи  «Низомнома оид ба  тартиби бақайдгирии  узви  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон»  маслиҳатҳои муфид дода шуд.  Дар  самти ҳуҷҷатнигории  ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҷониби масъулин як қатор  камбудиҳо  муайян карда шуда, бархе аз онҳо дар ҷояш ислоҳи худро ёфт. Раисони  ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадор гардидад, ки бо мақсади бартараф  намудани  камбудиҳо нақшаи алоҳида таҳия намуда, оиди иҷрои он  ба кумҷроия шаҳрӣ ахборот пешниҳод намоянд. Ба кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳр супориш дода шуд, ки амалҳои дастурдиҳӣ  дар асоси Оиннома аз ҷониби   кумиҷроия дар ҳамкории аъзоёни кумиҷрояи шаҳрӣ саривақт гузаронида шуда, фаъолияти комиссияҳои доимоамалкунандаи  кумиҷроияи шаҳрӣ зери назорат қарор дода шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>