Мусобиқа байни наврасон

IMG-c0247bc1f0fc671ed73480de4f87d7c6-V

ҶАББОР РАСУЛОВ. Имрӯз бо ташаббуси Бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дастгирии ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ «Варзишгар» ва «Ориён» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли ҷавонон» дар Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гуштини «Кохи варзишии Ланглиф» мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба гуштини дзюдо байни  наврасон баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии мусобиқа намояндаи Кумиҷроияи ноҳия Устопиров Парвиз иштирок ва ҳозиринро аз номи ҳизбиён бо ин санаи таърихӣ табрик намуд. Дар ин мусобиқа аз ҳамаи мактабҳои варзишии ноҳия 186 нафар паҳлавонон байни ҳам қувваозмоӣ намуда, ғолибон бо ифтихорнома ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>