Мусобиқаи волейбол байни занону духтарон дар ноҳия оғоз гардид

20171102_152756

АШТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани «Соли 2017-Соли ҷавонон» як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва варзиширо ба нақша гирифта, баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад. Рӯзи гузашта бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оила ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мусобиқаи кушоди волейбол байни занону духтарон оғоз гардид. Дар маросими кушодашавии ин чорабинии варзишӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Баҳриддин Зиёӣ ширкат варзида, зикр дошт, ки моён дар марҳилае қарор дорем, ки мардуми сарбаланди Ватани маҳбубамон бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифта ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол гирифтани солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз пайваста саъю талош меварзанд. Мусобиқаи мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи ин намуди варзиш дар ноҳия, ривоҷу равнақ додани волейбол байни бонувон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо баргузор гардида истодааст. Ва ба дастаҳо муваффақият ва пирӯзӣ таманно намуд. Баъдан бо садо додани Суруди миллӣ ва барафрохтани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи волейбол оғоз гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар мусобиқа 13 дастаи варзишӣ бо фарогирии занону духтарони 18-30 сола, аз ҷумла дастаи варзишгарони ҲХДТ-Шайдон байни ҳамдигар барои дарёфти туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт қувваозмоӣ менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>