Рӯйдоди сарнавиштсоз буд…

???????????????????????????????

ДЕВАШТИЧ. Иҷлосияи ХVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистони навин дар таҳкими Истиқлолияту Ваҳдат, сулҳу субот, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ орзую ормонҳои мардуми истиқлолхоҳ пояи мустаҳкам гузошт. Дар Иҷлосия вакилони мардумӣ Сарвари кишварро, ки имрӯз дар тамоми олам чун сиёсатмадори пуриқтидор меҳисобанд Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Дар ҳамон Иҷлосия роҳбари нави давлати соҳибистиқлол қавл дод, ки миллатро аз вартаи парокандашавӣ нигоҳ дошта, барои кишвар сулҳ, барои мардумаш зиндагии шоистаро муҳайё месозад. Ин нияту ормонҳои Сарвари мамлакат амалӣ гардид. Ба истиқболи ин ҷашни фархунда дар толори шӯъбаи маорифи ноҳияи Деваштич, яъне 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Муовини Раиси ноҳия Бунафша Ғиёсиддинзода доир ба саҳифаҳои таърихии солҳои сипаригаштаи сароғози даврони Истиқлолият ҳарф зад. Инчунин иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи тақдирсоз Ҳошим Азимов чун вакили мардумӣ дар назди ҳозирин хотираҳои хешро иброз намуд. Ағолиқова Дилфуза оиди хизматҳои шоиставу дастовардҳои ноилгардидаи мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорон маълумот дод. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Даврон Эргашов садои дили собиқадоронро иброз дошта, оиди ғамхории Пешвои муаззам – Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорон ҳарф зад ва миннатдории собиқадоронро нисбати хизматҳои шоёни Сарвари мамлакат баён намуд.  Ин ҷамъомад бори дигар собит сохт, ки дар кишвари сулҳпарвар бо сарварии Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сулҳу субот пойдор буда, мардуми шарафмандаш ба ҳадафҳои шоистаи худ ноил мегарданд. Конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки гуруҳи собиқадорон, намояндагони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонону хонандагон хеле хотирмон ба анҷом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>