Муаррифии китоби “Ҷавонон – пайрави Эмомалӣ Раҳмон” ва қардшиносии олимони чавон

IMG_0208

ДУШАНБЕ. Даҳ нафар олимони ҷавони Тоҷикистон аз тарафи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳибзи Халқии Демократии Тоҷикистон бо Диплом ва туҳфаҳои арзишманди молӣ қадршиносӣ шуданд. Иқдоми мазкур дар идомаи мантиқии сиёсати бунёдкорона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Олимони ҷавоне, ки аз тарафи ҲХДТ бо диплом ва туҳфаҳои молӣ қадршиносӣ гардиданд, дар ташаккул ва рушди илмҳои муосири тиббӣ, техникӣ, дақиқ ва бунёдӣ саҳми намоёну шоиста доранд.  Ихтироот, нахустпатент ва гувоҳномаҳои муаллифии ин олимони ҷавон аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патентуIMG_2930 иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ба қайд гирифта шуда, сазовори баҳои баланд гаштаанд. Ҳамаи ихтироотҳои ин олимони ҷавони Тоҷикистон аллакай дар истеҳсолот татбиқ мешаванд. Дар зер рӯйхати олимони ҷавоне, ки барандаи диплом ва туҳфаҳои арзишманди молии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳибзи Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2017 гардиданд, оварда мешавад:

  1. Абдунабиев Фирӯз (19.07.1989), мудири шуъбаи картошкапарварии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Диплом барои «Доми автоматии феромондор бар зидди ҳашаротҳои зараррасон; технологияи парвариши зироатҳои полезии барвақтӣ (харбуза ва тарбуз) дар заминҳои лалмӣ бо роҳи инноватсионӣ».
  2. Амонов Шаҳриёр Шодиевич (08.03.1985), табиби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-ҷарроҳии дилу рагҳо». Диплом барои «Тарзи дастрасии ҷавгоншакл ба дарғоти митралӣ ҳангоми ҷарроҳиҳои такрории дил; тарзи барқароркунӣ (реваскуляризатсия)-и шараёни корпоратсии рост ҳангоми зиёд осеббинии шараёнҳои канорарӣ».
  3. Исматов Амриддин Қурбонович (12.11.1988), ходими илмии Институти илмӣ –тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, корманди масъули ҶДММ «Бозёфт». Диплом барои «Тарзи ҳосил намудани намакҳои табобатӣ бо иловаҳои биологӣ барои ваннаҳо; тарзи ҳосил намудани шираи табобатӣ аз пудинаи боғӣ; тарзи аз арчадонаҳои туркистонӣ ҳосил намудани шираи табобатӣ; тарзи афзоиш додани қобилияти обнигаҳдории ҳидроҳел дар асоси пайвастагии гетеровалентии координатсионии манган бо акриламид».
  4. IMG_91124. Каримзаде Бахтовар Ҷанговарович (11.06.1986), номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон. Диплом барои «Тарзи бо ҷарроҳӣ табобаткунии дараҷаи вазнини контактураи Фолкман; тарзи барқарорсозии тендонҳо ҳангоми оқибатҳои осеббинии тори асаби улнар бо истифодаи фатсияи васкуляризатсияшуда».
  5. Раҷабов Шуҳрат Холмуродович (22.11.1985), номзади илмҳои техникӣ, мудири кафедраи химияи умумӣ ва татбиқии Донишгоҳи Давлатии Данғара. Диплом барои «Тарзи ҳосил намудани флюси тозакунандаи сатҳи болоӣ; Тарзи ҳосил намудани флюси «ПИТМ» барои тоза намудани алюминийи хом; тарзи коркарди комплексии партовҳои сатҳи фтордори истеҳсоли алюминий; тарзи истеҳсоли коагулянт барои тоза кардани об».
  6. Самандаров Насрулло (14.02.1986), номзади илмҳои кимиё, ходими илмии Паҷуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Диплом барои «Тарзи ташхиси беморони ҷигар бо усули хроматографияи газӣ; воситаи зиддивирусии «Гепатоман» барои муолиҷаи беморони гирифтори вируси гепатити С; муводи доругии «Фитазид» ҳамчун доруи зиддимикроб; нақеъи «Фитосуман» ҳамчун маводи зиддимикробӣ; эфири 1,2-пропан-диоли 3а7β-дигидрокси холонат ба сифати маводи холелитолитикӣ ва липохолестиеринӣ; тарзи ташхиси бемории чарбнокшавии ҷигар».
  7. Сайфудинов Фирӯз Шарофидинович (02.05.1992), сардори маркази «Истеъдодҳои ҷавон»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ. Диплом барои «Тоза кардани равғани истифодашудаи муҳаррикҳои автомобилҳои сабукрав ва боркаш; маводи «Дармон» барои муолиҷаи захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта».
  8. Файзуллоев Эркин Фатҳуллоевич (12.02.1986), номзади илмҳои кимиё, раиси шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Диплом барои «Тарзи муайян намудани таркиби гидроксокомплексҳои оҳан ва собити ҳосилшавии онҳо».
  9. Холов Шарафҷон Исҳоқҷонович (19.08.1988), мудири шуъбаи кадрҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон,IMG_0156 табиби шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард. Диплом барои «Тарзи табобати ҷарроҳии нуқсонҳои қисми поёнии суфраи гӯш»; усули ҳамоҳангсозии нақшаҳои амалиёти пластикаи мавзеӣ ҳангоми контрактураи хамкунандаи дерматогении ангуштони даст, ки бо синдактилияи скарии байни ангуштон ҳамроҳ аст; усули ислоҳи каҷии penis ҳангоми намуди дисталии гипоспадия; усули рафъи каҷии penis ҳангоми намуди вазнини гипоспадия; усули бартарафсозии гипоспадияи намуди хордавӣ; усули якбораи бартараф намудани гипоспадия.
  10. Мародмамадова Некбахт Гадомамадовна (25.01.1983), ходими Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Диплом барои «Тарзи тайёр намудани маводи «Асгиман», ки хосияти адаптогенӣ дорад».

IMG_9112IMG_0248ҲХДТ минбаъд низ дар масъалаи дастгирии олимони ҷавони Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида, изҳори умед мекунад, ки ин қишри бунёдкор аз доштани истиқлолияти воқеӣ, ваҳдати миллӣ ва соҳибдавлату соҳибватан будан хулосаҳои дуруст бароварда, бузургтарин неъмат ва волотарин ормони зиндагиро ҳифз хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>