Иқдомҳои шоиста бо маром идома доранд

Новый рисунок

АЙНӢ. Моҳи сентябри соли ҷорӣ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинобар таъмирталаб будани бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаи Сангистони ҷамоати деҳоти Айнӣ бо иштироки васеи сокинон ба бунёди бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шароити муосир санги асос гузошта шуда буд, ки дар он 6 нафар родмардони деҳа ба ҷойи кори муваққатӣ таъмин гаштанд.Фармоишгари асосии  сохмон Муассисаи давлатии идораи сохтмони асосии МИҲД ноҳия, ки пудратчии он “Транс Азия Сервис” мебошад, рафти корҳои сохмониро бо сифати аъло ба сомон расонида истодаанд.  Бо ин мақсад, Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳия А. Қобилзода ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” санаи  7-уми   ноябри  соли  равон оиди рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо сохмончиён сӯҳбати самимӣ доир намуданд. А. Қобилзода  доир ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.  Дар рафти вохӯрӣ бошандагони русто, зимни сӯҳбат изҳори қанотмандӣ намуданд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, дар кишварамон корҳои созандагӣ бо маром идома дорад.  Хусусан бунёди бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи мо айни муддаост.  Сохмончиён, дар рафти сӯҳбат ибрози андеша намуданд, ки чунин вохӯриҳои судманду хотирмон, ки ҳадафи асосии он бунёкорӣ ва бедор намудани ҳисси Ватандӯстӣ мебошад, моро дучанд руҳбаланд менамояд ва талош менамоем, ки корҳои сохмониро дар фурсати муносиб ва бо сифати баланд сохта ба сокинони деҳа,  мавриди истифода қарор диҳем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>