Вохӯриҳо бахшида ба истиқболи Рӯзи Парчам

image-0-02-04-c627cc633b036442291fb5bf622b2195c37acac1d0dab9e6a081e3bbcd185b7a-V

АЙНӢ. Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба истиқболи Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-  солагии  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, тибқи он дар ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо аъзоёни ҳизб ва фаъолон вохӯриҳо доир  намуд. Дар вохӯриҳо дар мавзӯи “Парчами  давлатӣ- рамзи ифтихори  миллӣ”  Раиси  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳия  баромад  намуда  қайд  кард, “Инак, соли ҳаштум аст, ки дар сарзамини давлати соҳибистиқлоли  Тоҷикистон аз 3-ноябри соли 2009 тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳамасола 24- ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои истиқлолияти давлатиии миллиамон ба ҳисоб рафта, иттиҳодияи вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокинони ҷумҳурӣ мебошад ва он мардумро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ менамояд. Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд”. Ҳамзамон қобили зикр аст, ки тибқи наҷшаи чорабиниҳо дар Муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумӣ     Озмуни  иншои  беҳтарин  дар  мавзӯи “Парчами  давлатӣ- рамзи ифтихори  миллӣ”  гузаронида  мешавад  ва  ғолибони  озмун  дар  рӯзи  ҷашни  Парчами миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо  туҳфаҳои  Комиҷроияи  ноҳиявӣ, бахши кор бо занон   ва  “ТҶҶ  Созандагони  Ватан”  қадрдонӣ  карда  мешаванд.  Дар вохӯриҳо раисони ҷамоатҳо,  директорон  ва  фаъолони  деҳаҳо низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>