Таҷлили Рӯзи милитсия

Деваштич_милитсия_100_3

ДЕВАШТИЧ. Дар партави таассуротҳо аз чорабиниҳои дар пешистодаи бузурги давлативу миллӣ бахшида ба 100 солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик чорабинии рангини тантанавӣ баргузор гардид. Маросими расмӣ сараввал дар маҷлисгоҳи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо иштироки раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кулли ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа баргузор гардид. Дар сароғоз бо дақиқаи хомӯшӣ хотири фарзандони шуҷоъи шаҳид пос дошта шуд. Сипас аз ҷониби кормандони фаъоли милитсия ва собиқадорони соҳа бобати 100 солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик, таърих ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маърӯзаю баромадҳои ҷолибу пурмуҳтаво карда шуданд. Дар хотимаи қисмати расмӣ ба кормандони фаъоли соҳа ифтихорномаю сипосномаҳо, рутбаҳои навбатӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, собиқадорони соҳа низ мавриди қадршиносӣ қарор дода шуданд. Қисмати навбатии чорабинӣ дар қасри фарҳанг идомаи худро ёфта, аз ҷониби раиси ноҳия хизматҳои беназиру шуҷоатмандонаи фарзандони қаҳрамон мавриди ёдрасӣ гардид ва қайд шуд, ки маҳз садоқату фидокориҳои кормандони бовафои милитсия буд, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ мардум ҳаёти осудаҳолона доранд ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳањмон мавриди дар амал татбиқгардист. Чунин хизматҳои шоёну шоистаи кормандони милитсияро ба назар гирифта, имрӯз нисбати онҳо шароитҳои мусоиду мувофиқи иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҷониби роҳбарияти кишвар фароҳам оварда шуда истодааст, то ин ки фидокориҳои шабонарӯзии онҳо қадр карда шаваду чун ҳамешагӣ барои Ватану халқи худ содиқона хизмат кунанд. Дар фароварди чорабинии тантанавӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барои болидахотирии иштирокчиён барномаи рангини фарҳангию фароғатӣ намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>