Мулоқоти бо омӯзгорону донишҷӯёни Колеҷи тиббӣ

IMG_4653

ПАНҶАКЕНТ. Тибқи нақшаи чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар Донишкадаи омӯзгорӣ ва Колеҷҳои шаҳр мулоқотҳои  раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода оид ба мавзӯи «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида истодааст. Чунин мулоқот дар толори Колеҷи тиббии шаҳри Панҷакент бо устодону донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он раиси кумиҷроияи шаҳрӣ М. Шукурзода оид ба «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханрони намуд. Ӯ қайд намуд, ки бо даъват шудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, Қасри овозадори Арбоб дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мардуми Тоҷикистон марҳилаи нави пешгирии нобасомониҳо оғоз  ёфт.  Зимнан, дастоварди муҳиму тақдирсози иҷлосия ҳамин буд, ки вакили мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон, воқеан ҳам, бозёфти ҳамин Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Сипас, мудири шӯъбаи итиллоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Б. Лутфуллоев  низ оид ба моҳияти Иҷлосияи тақдирсоз баромад ва чунин қайд намуд. Пас аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ва амнияту милитсия таъсис ёфта ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон пурзӯр гардида, амнияти давлатӣ  таъмин ва дастовардҳои истиқлолият ҳимоя ва афзун гардонда шуд. Дар охир ҷонишини директори Колеҷи тиббӣ  Латифова Гулчеҳра барои мулоқоти судманд ба КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент арзи сипос намуд. Чунин мулоқотҳо ва чорабиниҳо дар донишкада, Колеҷи омӯзгорӣ ва ЛКТ-36 ба нақша гирифта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>