Ҳунармандони Суғдзамин дар Боғи ба номи Айнӣ ба сокинони Душанбе барномаи консертӣ пешниҳод намуданд

kns-dsh

ДУШАНБЕ. Дирӯз, 6 ноябр барои   сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе яке аз рӯзҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёт буд, зеро ба муносибати рӯзи Конститутсия ва дар арафаи 25-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат пас аз навсозӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар боғи мазкур, ки  дирӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, сокинони пойтахт сайругашт намуда, аз мақбара ва муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ, гулгашт, фаввораҳо ва майдончаи бозии кӯдаконаи он дидан намуданд. Бегоҳии дирӯз дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ, ки ба як мавзеҳои дилнишини истироҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт, бо садои карнаю сурнай ва таблаку дойра барномаи фарҳангӣ- фароғатии ҳунармандони вилояти Суғд дар фазои орому осуда ҳамчун шоми ваҳдату ягонагӣ оғоз гардид. Дар барномаи фарҳангии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора ва корхонаҳо, инчунин сокинони зиёди пойтахт иштирок намуданд. Барномаи рангини консертӣ, ки пешкаши тамошобинон гардид, иборат аз сурудҳои саршор аз ватандӯстӣ буд ва дар он аксаран сарояндагони ҷавони вилояти Суғд ҳунарнамоӣ карданд. Яке аз овозхонони ҷавоне, ки ҳангоми ба саҳна баромадан иштирокчиён бо қарсақҳои пурмавҷ истиқболаш гирифтанд, Шоҳрух Юнусов, донишҷӯи соли дуюми Консерваторияи миллии Италия буд. Ӯ дар Қазоқистону Қирғизистон, Россияву Беларус ва Туркияву Америка бо  суруди «Республикаи ман» Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст. Ёдовар мешавем, ки Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз соли 1954 баъди дар ин мавзеъ ба хок супоридани устод Садриддин Айнӣ қомат афрохта буд. Солҳои охир масъалаи таъмиру навсозии он ба миён омада буд. Таъмиру тармим дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуда, ба симои шаҳри Душанбе ҳусни дигар зам кард. Барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Суғд ба кушодашавии боғи мазкур, рӯзи Конститутсия ва Соли ҷавонон бахшида шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>