Маросими савгандёдкунии наваскарон

savgand-sp

КОНИБОДОМ. Дар қисми низомии 04080, воқеъ дар шаҳри Конибодом, маросими савгандёдкунии наваскарон доир гардид. Ба ин муносибат дар қисми низомӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидайни сарбозон ва афсарону сарбозони қисми низомӣ ширкат варзиданд. Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 нафар наваскарон ботантана савганди ҳарбӣ ёд намуданд. Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом Иброҳим Раҷабов, командири қисми ҳарбӣ Абдулмуъмин Асоев ва волидайни наваскарон сухан гуфта, иштирокдоронро ба муносибати солгарди навбатии рӯзи қабули Конститутсия табрик гуфтанд. Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар сарбозону афсарони қисми низомӣ ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>