Иҷлосия – оғози марҳилаи нав

бг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар маҷлисгоҳи Беморхонаи ноҳиявии №3-и ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов вохӯрӣ бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Вохӯриро раиси ташкилоти ибтидоии беморхонаи ноҳиявии №3-и ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов Муллобоев Абдурауф ифтитоҳ намуда меҳмононро муаррифӣ намуд. Дар вохӯрии мазкур мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок ва баромад намуда, афзуд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кайҳо ҷойгоҳи худро, нақши худро чун тақдирсоз, ҳалкунанда касб намудааст. Баргузории Иҷлосия – ин оғози марҳилаи нав дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Аз нигоҳи имрӯза бо назардошти далелҳои нав, таҳлили илмӣ агар ба таърихи наонқадар   дури худ назар афканем, ба мо паҳлӯҳои гуногунранги ин Иҷлосияи таърихӣ равшану возеҳтар ҳувайдо мешавад. Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии беморхонаи ноҳиявии №3-и ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонов миннатдории худро ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>