Ғолибони озмуни «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» муайян шуданд

oz-andoz

СУҒД. Дар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» доир гардид. Дар қисмати расмии чорабинӣ сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон дар мавриди андоз ва андозбандӣ аст. Дар бахши «Беҳтарин шеър»и озмун Олимхон Аҳроров, хонандаи синфи 9 аз МТМУ №38-и ноҳияи Деваштич  ғолиб дониста шуда, зинаҳои дуюм ва сеюмро  Зайнаби Ғуфрон, хонандаи синфи 10, МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд ва Моҳира Ғаффорӣ, хонандаи синфи 10, МТМУ 35-и ноҳияи Масчоҳ ишғол намуданд. Дар бахши «Иншои беҳтарин» ҷойи аввалро Шамсия Мадалиева, хонандаи синфи 9, МТМУ № 7- ноҳияи Ашт ба даст овард. Зинаҳои баъдӣ насиби Ҳабибахон Ҳасанзода, хонандаи синфи 11, МТМУ №12-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Суруш Руҳулло, хонандаи синфи 11, МТМУ№15-и шаҳри Панҷакент гардид. Дар бахши «Расми беҳтарин» ғолибиятро Аъзам Миркамолов, хонандаи синфи 5, МТМУ№28-и шаҳри Хуҷанд ба даст овард. Ҷойи дуюмро Баҳтиёр Юлдошев, хонанда аз ноҳияи Ашт соҳиб шуд. Зевар Ҷумъабоева, хонанда аз шаҳри Бӯстон мақоми сеюмро касб намуд. Ба ғолибону ҷоизадрони озмун дар вазъияти тантанавӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>