Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик

teatr

СУҒД. Дар Театри мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал – майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид ва сипас муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо номаи шодбошии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик қироат кард. Мавсуф кулли кормандони милитсияи тоҷикро бо ин рӯзи муборак табрик гуфта, дар иҷрои вазифаи пурмасъулият, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар ҷодаи пешгирӣ кардан ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ комёбиҳо орзу намуд. Номаи шодбошии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов қироат кард. Мавсуф дар бораи қаҳрамонӣ, муборизаи кормандони мақомот бар зидди гурӯҳҳои эсктремистӣ ва саҳми арзандаашон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ андешаи хешро баён кард. Бо қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, медал, рутбаҳои махсус ва мукофоту тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Инчунин дар ин рӯзи саид кулли кормандони милитсияи тоҷикро намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон низ табрик намуданд. Суруду таронаҳо дар иҷрои ҳофизони номии вилоят анҷомбахши маҷлиси тантанавӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>