Сомонаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъол шуд

4645747

ДУШАНБЕ. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба таваҷҷуҳи доираи васеи сокинон, махсусан қишри ҷавони ҷомеа мерасонад, ки сар аз имрӯз сомонаи расмии ташкилот таҳти рамзи www.sozandagon.tj фаъол шуд. Дар сомона иттилоот дар бораи ҳаёту фаъолият ва ташаббусу иқдомҳои ҷавонон нашр шуда, ҳамзамон хонанда метавонад аз он доир ба таърих, Оиннома, Барномаҳо ва дигар самтҳои фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” маълумот гирифта аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо ҷавонон огоҳии бештар пайдо намоянд. Месазад қайд намоем, ки фаъол шудани сомонаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Воқеан, барои ҷавонони кишвар, махсусан аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи роҳ ёфтан аз торикӣ ба сӯи рӯшноӣ ва нишони хушрӯзиву бахту саодат мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи миллат, яъне ояндаи мо ҷавонон ба таври мусбӣ ҳал гардид. Ҷанбаи асосии барои миллат сарнавиштсоз будани иҷлосияи мазкур дар он ифода меёбад, ки дар рафти он дар шахси Эмомалӣ Раҳмон пешвои воқеӣ ва сарсупурдаи миллат ба майдони сиёсат омад ва давлатро аз нестиву миллатро аз парокандагӣ наҷот дод. Мо бо Пешвои муаззами худ мефахрем ва ёдовар мешавем, ки ташкил ёфтани қаноти ҷавонони ҲХДТ бо номи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар соли 2011, ҳамзамон эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон маҳз идея ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои Роҳбарияти Олии давлату ҳукумат бархурдоранд. Зимнан, аз ҷавонони саодатманду созандаи кишвар даъват ба амал меорем, ки бо сомонаи www.sozandagon.tj бо истифода аз иттилооте, ки дар бахши тамоси сомона мавҷуд аст, ҳамкориро ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” саҳми арзандаи худро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>