Эҳтиром ба забон эҳтиром ба Модар аст

20171107_144935

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҷавонони саодатманди кишвар аст, ки бо ташаббус ва иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд «Мактаби бозомӯзии захираи кадрӣ» ба тариқи силсилалексияҳо дар мавзӯҳои мухталиф роҳандозӣ мешавад. Рузи гузашта машғулиятҳо дар атрофи ду мавзӯи мубрам «Нақши маориф дар таълиму тарбияи насли наврас» ва «Забони модарӣ пок ва муқаддас аст» доир гардид, ки барои мо хеле судманд буд. Хосатан, мавзӯи «Забони модарӣ пок ва муқаддас аст» хеле саривақтӣ ва пурмӯҳтаво буд, зеро дар ҳақиқат забон рукни асосии давлатдорӣ, ҳастии миллат ва асолат ва рисолати ҳар ҳалқ ба шумор меояд. Бояд қайд кард, ки соҳиби забон будан миллатро ба сарбаландиву хушбахтӣ мерасонад. Миллате, ки забон надорад, худро муаррифӣ карда наметавонад. Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон қарор дорад. Аз ин рӯ, поку муқаддас нигоҳ доштани забон рисолати аслии ҳар шаҳрванд маҳсуб меёбад. Дар ҳақиқат, ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бидуни забон ва илму маориф рушди кишвар тасаввурнопазир аст. Ҳифзи забони модарӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷинаи бебаҳо вазифаи шаҳрвандӣ ва фардии ҳар як мунавварфикр аст, зеро «Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳуввияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад».

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>