Вохӯрӣ дар қисмҳои ҳарбӣ

истаравшан

ИСТАРАВШАН. Тибқи нақша – чорабинии аксияи  ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони “Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!» инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандустии ҷавонон дар  арафаи ҷашни  25 солагии Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ва Соли ҷавонон эълон гардидани  соли 2017  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Истаравшан аксияи ҳизбиро  роҳандозӣ намуда,  тибқи нақша якчанд чорабиниҳо гузаронида шуда истодааст. Дар доираи ин аксия санаи 08 ноябри соли равон якҷоя бо ҷавонону наврасон ва зиёда аз 100 нафар хонандагони синфҳои болои макотиби шаҳр ва омӯзгорон аз қисми ҳарбии  0202 — и Қушунҳои сарҳадии КДАМ шаҳри Истаравшан дидан  карда, аз шарту шароити қисмӣ ҳарбӣ, намоиши маҳорати ҷангӣ дидан намудаву  бо афсарону аскарон дар саҳни  қисми ҳарбӣ суҳбати самимона доир  карда шуд. Инчунин байни ҷавонон ва сарбозон мусобиқаҳои гуногун доир гардида намоиши филми “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳу Ваҳдат” гузошта шуд, ки ҳамаи ин дар ниҳоди ҳар як ҷавон ҳисси ватандӯстӣ ва шавқ нисбати адои хизмат ба Ватан-Модарро дучанд мегардонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>