Мизи мудаввар: Тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа

20171004_094507

БӮСТОН. ҲХДТ дар самти татбиқи  сиёсати  гендерӣ бо дарназардошти  хусусиятҳои  миллӣ ва бо  риояи меъёрҳои  байналмилалӣ чораҳои  мушаххас андешида, ба хотири таъмини  баробарҳуқуқии мардону занон ва  имкониятҳои  баробари онҳо  талош  менамояд.      Тибқи нақшаи кории кор бо занони  КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар мавзӯи «Тақвияти мавқеи иҷтимоиву иқтисодии занон дар ҷомеа» мизи мудаввар бо иштироки  аъзоҳои фаъоли Шӯрои занони кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад  равоншинос аъзои Шӯрои занони вилоят Бобоева Р.Ш. Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Мухторова Г.У., мудири  бахши кор бо занони МИҲД-и шаҳр  Машарипова Н.Т.  мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳр Юсупова М.М.,  мутахассиси шуъбаи САҲШ Пулотова Ҳ.Ҳ., аъзоёнии Шӯрои собиқадорони кумиҷроия шаҳри  Абдулова З.К. ва  Қосимова М. ва фаъолдухтарони ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Ҷамъомадро Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Мухторова Г.У. оғоз намуда, оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатӣ дар ҷодаи баланд бардоштани  мавқеи  занон дар ҷомеа ва  сатҳи  иштироки  онҳо дар  фаъолияти  мақомоти давлатӣ сухан кард.     Мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳр Юсупова  оид ба фароҳам овардани  шароит барои донишомӯзӣ ва  касомӯзии занону  духтарон ва  ба шуғли доимӣ фаро гирифтани  онҳо баромад намуд. Бобоева Р.Ш. дар баромади худ қайд намуд, ки ҲХДТ  оиларо  ҳамчун  асоси ҷомеа ва  арзиши муқаддас эътироф намуда, барои  устувории пояҳои он дар шароити  нави  ҷаҳонишавӣ амалӣ намудани  як қатор  чораҳо заррур аст.  Аъзоёни Шӯрои собиқадорон дар суханронӣ  аз ҳаёти имрӯзаи занон ва мавқеи онҳо дар оила ҳарф заданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>