Шиносоӣ бо шароити иҷтимоии сарбозон

IMG_2587

АШТ. Бахшида ба эълон гардидани «Соли 2017 Соли Ҷавонон» ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт як зумра чорабиниҳоро ба нақша гирифта, баҳри амалӣ намудани он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дидорбинии сарбозони қисмҳои низомӣ низ яке аз вазифаҳои авалиндараҷаи Кумитаи иҷроия маҳсуб меёбад. Дар ин самт мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Абдураҳмонов Ш. ба Ротаи ҳифз ва таъминоти қисми ҳарбии 051063-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Регар деҳаи Ширкент мавҷудбуда, ки фарзандаш Абдураҳмонов Тошбой дар ин қисми ҳарбӣ хизмати аскарӣ ба ҷо меорад, ташриф оварда, бо афсарон ва аскарон вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо гузаронид. Ҳангоми сӯҳбат командири рота лейтенант Забиров Содиқҷон Пулотҷонович қайд намуд, ки аскароне, ки аз вилояти Суғд хизмат менамоянд, хело ҷавонони чолок ва далер буда бо як ҳиссиёти баланд вазифаҳои гузошташударо сари вақт иҷро менамоянд. Сержант Набиев Иззат Носирҷонович, ки аз ноҳияи Ашт ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст, дар сӯҳбат қайд намуд, ки хизмати Ватан-Модар қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу ори Ватан мебошад. Бояд ҳамаи ҷавонони дилсӯзу ватандӯст  аз мактаби мардонагӣ гузаранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>