Мулоқот бо омӯзгорони оянда

IMG_4712

ПАНҶАКЕНТ. Дар асоси фармоиши Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  таҳти №129 ва нақшаи чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент мулоқоти раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Мурод Шукурзода бо донишҷӯёни Колеҷи омӯзгории шаҳр оид ба мавзӯъҳои «Аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Парчам нишони давлатдорист»  баргузор гардид. Нахуст раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Мурод Шукурзода оиди «Аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад ва чунин қайд намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи кишвар бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт пайванд аст. Мо ба он хотир ба ин иҷлосияи тақдирсоз арҷгузорӣ мекунем, ки ба шарофати он на танҳо ба ҷанги таҳмилии дохилӣ хотима бахшида, сохти фалаҷгаштаи конститутсиониро барқарор намудем, балки ҷиҳати эҷоди механизми одилонаи гуфтушуниди сулҳ ва имзои санади истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишварамон муваффақ ҳам гаштем. Сипас, мудири шӯъбаи итиллоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Б. Лутфуллоев  низ оид ба моҳияти Иҷлосияи тақдирсоз баромад ва чунин қайд намуд. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон-Парчам ва Нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуд, ки ин аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори милли ҳар як фарди бонангу номус дар ҳамон давраи мураккаб дарак медод. Ҳамингуна вохӯрӣ дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар  шаҳри Панҷакент ва Литсейи касбӣ-техникӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 223 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон иштирок намуданд. Чунин мулоқотҳо дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>