Таҷлили Рӯзи театр

истаравшан (2)

ИСТАРАВШАН. Бахшида ба Рӯзи театр, ки ҳамасола санаи 7 ноябр да Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад дар шаҳри Истаравшан дар Театри халқӣ ҷашни ин рӯз бо тантана бо иштироки аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони ташкилотҳою муассисаҳо, санъаткорон, хонандагон ва омӯзгорон ва ҳунармардони театр баргузор гашт. Мазӯъи асосии ин чорабинии идона тарғиби Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва инчунин нақши театр дар рушти ҷомеа буд. Дар чорабинии фарҳанги ансамбли навозандагони Файзи Истаравшан, ва сарояндагон Исоқҷон Абдуллоев, Ислом Икромов, Ҳасан ва Ҳусейн Мазбутовҳо ва инчунин ҳунарпешагони театри мазкур бо барномаҳо идонаи худ ҷашни рӯзи театрро боз ҳам рангинтар гардониданд. Дар саҳна, ҳунарпешагон мавзӯъи  оқибатҳои талхи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бо маҳорати баланд ба аҳли нишаст намоиш доданд.  Театри халқии шаҳри Истаравшан соли 1968 дар базаи маҳфили драмавии хонаи Фарҳанги №1 – и ноҳияи Уротеппа ташкил шудааст. Ташкилкунандаи ин театр ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикстон Саъдулло Азизбоев мебошад. Театр дар солҳои мавҷудияти худ бисёр намоишномаҳоро ба саҳна гузоштааст аз ҷумла “Сиёҳсавор” – и Б. Раҳимзода “Штраф якуним танга”, “Гули сиёҳ”, “Имтиҳон” А. Атабоев, “Шавҳари зани ман” Г. Хучаев, “Шамшери Бурро” –Дёмочкин, “Заҳрпечак” ва “Дунё ба умед” – К.Ғафуров ва ғайраҳо.  Солҳои тӯлони театр барои тарбияи эстетикаи одамон хизматҳои шоиста кардааст. Шабҳои мавзӯъи вохӯри бо пешқадамони истеҳсолот, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ аз ҷумла Бӯстон 1 -2-3  Андалеб, Ғунчаҳои санъат, Биё бо ҳам бихандем, озмуни ҷумҳуриявии Театрҳои халқӣ, гузаронидани идҳо ва рӯзҳои таърихӣ аз фаъолияти театр нишон аст. Дар давоми 49 соли мавҷудияти театр ҳунармандони шинохта С. Азизбоев, А. Файзиев, Р. Қодири, А. Пӯлотов, Н. Махкамов, Я. Турсунов, С. Тошева ва ғайраҳо дар ин боргоҳи санъат кор ва фаъолият бурдаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>