Оғози мавсими нави театрӣ

1510134524_5a02d2fc51037

КОНИБОДОМ. Фарҳангу ҳунар дар ҷомеаи башарӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани маърифату маънавиёти мардум ба шумор рафта, чун инъикосгари ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Махсусан театр ҳамчун оинаи ҳаёт дар ин ҷода саҳми назаррас дорад. Ҳамасола дар саросари кишварамон 7 ноябр Рӯзи театри тоҷик бо шукуҳу шаҳомати хоса қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар театри драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозилова ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки онро мудири бахши фарҳанги шаҳр Бурҳониддин Ҷабборӣ ҳусни оғоз бахшид. Муовини раиси шаҳр Замирахон Ашурматзода бо суханони табрикотӣ баромад намуда, номаи шодбошии раиси шаҳр Ғайбулло Боҳириро ба самъи ҳозирин расонида, аҳли кормандони театрро табрик гуфт ва инчунин раиси КИШ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода Азимҷон кормандони театрро бо рӯзи идашон табрик карда,ба онҳо орзуҳои нек ва қуллаҳои баланди эҷодиро орзу намуд. Дар идомаи тантана намоишномаи «Қорӣ-Ишкамба» аз ҷониби аҳли ҳунари театр намоиш дода шуд, ки бо кафкӯбиҳо истиқбол намуданд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>