Мусобиқаи волейбол ҷамъбаст гардид

DSC_3700

АШТ. Мусобиқаи кушоди волейбол байни занону духтарон дар ноҳия рӯзи гузашта ҷамъбаст гардид. Бояд тазакур дод, ки мусобиқаи мазкур бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардида, дар он 13 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуда, баҳри ба даст овардани ғолибият кӯшиш ба харҷ доданд. Ҳамин тариқ, дар ҷамъбасти мусобиқа роҳбарияти ноҳия аз ташаббуси навбатии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо махсусан дар байни ҷавонзанон бештар ба роҳ монда шуда, ҷалби онҳо ба варзиш тақвият бахшида шавад. Зеро варзиш ба саломатии инсон нафъи зиёд дорад. Дар интиҳо ба ғолибони мусобиқа, дастаҳои иштирокнамуда ва бозингарони беҳтарин Сипоснома ва тӯҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>