Сафи аъзои ҲХДТ меафзояд

20171017_113644

ХУҶАНД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия кору фаъолиятро дар самти корҳои дохилиҳизбӣ аз ҷумла зиёд намудани сафи аъзои ҳизб дуруст ба роҳ монда, кӯшиш бар он дорад, ки сафи аъзоёнро аз ҳисоби шахсони арзанда афзоиш диҳад. Яке аз ташкилоти ибтидоии беҳтарини ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  ин ташкилоти ибтидоии «Автобазаи махсуси санитарӣ» буда, сафи аъзоёни ҲХДТ дар ин ташкилот зиёда аз 30 нафарро ташкил медиҳад. Рӯзи гузашта ба яке аз корманди корхонаи Автобазаи махсуси санитарии шаҳри Хуҷанд Фарҳод Дадозода, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буд, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>