Узви ҲХДТ меафзояд

IMG_4618

ПАНҶАКЕНТ. Дар Беморхонаи кӯдаконаи шаҳр маҷлиси муассисон оид ба ташкил намудани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.  Маҷлисро раиси Шӯрои  собиқадорони ҳизб Холова Ҳамида оғоз намуда, кормандони муассисаи номбурдаро  бо 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз табрик ва таҳният гуфта ба ҳамаи онҳо тансиҳати хотири ҷамъ ва ба корҳояшон мувафақият таманно намуда бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Дар идомаи маҷлис Холова Ҳ.  қайд намуд, ки дар асоси моддаи 4\2 Оинномаи ҲХДТ дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб  ва зиёда аз он дар корхона ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ташкил карда мешавад.  Ҷалилов Ф. корманди муассиса, аъзои ҲХДТ изҳор дошт, ки айни замон дар беморхонаи мо 5 нафар кормандон узви ҲХДТ ҳастанд ва таклиф намуд, ки ташкилоти ибтидоӣ дар Беморхонаи кӯдаконаи шаҳр ташкил карда шавад ва пешниҳод намуд, ки ба ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Беморхонаи кӯдакона номгузорӣ карда шавад. Бо таклифи кормандони беморхона Муҳиддинов Ш. раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид. Ӯ қайд намуд, ки  ташкил намудани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои мо ин ифтихор ва шараф аст ва таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлол аст. Маҳз ҳамин ҳизб буд, ки мо ба чунин рӯзҳои  тинҷиву осӯдагӣ, сулҳу ороми бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидем. Дар идомаи суханҳояш раиси ташкилот зикр намуд, ки боварии комил дорам, ки аксарияти кормандони мо ҳама узви ҲХДТ хоҳанд шуд. Маҷлис аз рӯи масъалаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>