Аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз

бғ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Бахшида ба 25- солагии Иҷлосияи XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёдбуди Турдиев Аҳмад Акрамович, ки  барои ҳимояи Сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони худро фидо намудааст, дар Гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ баргузор гардид. Чорабиниро директори Гимназия Аҳмадхӯҷаев А. ҳусни ифтитоҳ бахшида меҳмононро шинос намуд. Сипас мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М. аз номи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирокчиёнро бо ин ҷашни бузурги таърихӣ табрик намуда, дар мавзӯи «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи тақдирсоз» суханронӣ намуд. «Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар саҳифаи таърихи навини тоҷик ҳамчун рамзи иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз  ворид гардидааст. Он аз лиҳози моҳияти худ бо Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон  баробарарзиш аст. Агар эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Хуҷандшаҳр ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид. Бо таъбири  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Иҷлосияи 16  Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих натанҳо тифли дар гаҳворабудаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро  ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин    ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд». Аҳамияти  имзои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аз он иборат аст, ки ба шарофати сулҳу ваҳлат Тоҷикистон ба марҳилаи нави таърихӣ худ-даври созандагию бунёдкорӣ қадам гузошт. Сулҳи тоҷикон боиси сарҷамъии миллат, ба Ватан баргардонидани қариб як миллион нафар фирориён ва таҳкими Ваҳдати миллӣ гардид». Дар охири чорабинӣ ба аъзоёни нави ҲХДТ ботантана шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>