Дидорбинии иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз

viber image

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бахшида ба санаҳои таърихии моҳи ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 нафар иштирокчии иҷлосияи тақдирсоз аз ноҳияи Спитамен — Фозилов Ғолибҷон аз ҷамоати деҳоти Тағояк  ва Ҷабборов Абдурашид  аз ҷамоати деҳоти Куруш  аз ҷониби Раиси  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Сарфароз Фаттоҳзода 20171109_134730аёдат карда шуданд. Дар ин амали нек Раиси кумиҷроияи вилоятиро  раиси кумитаи иҷроия О.Насруллоев, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Ҳ.Раҷабов,  мудири шӯъбаи рушди иҷтимои ва  робита бо ҷомеаи  МИҲД дар  ноҳия  Пиров П ҳамроҳӣ намуданд.   Сарфароз Фаттоҳзода иштирокчиёни иҷлосияи XVI-ро аз номи роҳбарияти Олии ҲХДТ  табрик намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Аз ин иқдоми нек аёдатшудагон  хушҳол гардида ба Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, миннатдории бепоён баён намуданд, барои тинҷиву осудагӣ, барои боз ҳам гул – гул шукуфоии Ватани азизамон даст ба дуои нек бардоштанд. Бахшида ба ин санаҳои таърихи дар қаламравии ноҳия чорабиниҳо идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>