Қадршиносӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Иҷлосияи тақдирсоз

20171109_085800

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Дар доираи   нақшаи  чорабиниҳои   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни  25 солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гиромидошти  нафароне, ки дар ибтидои солҳои  навадуми асри гузашта  дар давраҳои озмоиши сахти таърихи кишвар,   барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ саҳми худро гузошта,  минбаъд дар таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатӣ кушиш намудаанд, чорабиниҳои дидорбиниву табрикотӣ  роҳандозӣ гардидааст. Субҳи санаи  9 ноябри соли равон  Раиси кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилоят Сарфароз Фаттоҳзода ба  ҷои истиқомати собиқадори барқарорсозии сохти конститсионӣ  шаҳрванди шаҳри Бӯстон  иштирокчиии Иҷлосияи 16 уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эргашбой Қурбонов ташриф оварда,  ин марди наҷибу  қавииродаро  аз номи роҳбарияти олии ҲХДТ бо ин0-04-04-616ab07dfed336193e0bc10e9fdc4c45d6d82452d94f8b7803550ed5ce6957d0_full ҷашни бузургу тақдирсози миллат  табрик намуданд. Эргашбой Саидович иштирокчӣ ва яке аз таъминкунандагони бехатарии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда,  барои хизматҳои шоистааш баҳри таъмини бехатарии миллати тоҷик бо ордени «Ситораи сурх», «Шараф»,  даҳҳо медал ва ифтихорномаҳои  Президиуми Шӯрои Олии иттифоқи Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст. Соли 1990 Қурбонов Э.С.  аз ҳавзаи интихоботии  № 181, ноҳияи Қубодиён вакили халқии  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар вазифаи  Раиси кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба  қонунгузорӣ ва  ташкили мубориза  бар зидди  ҷиноятҳои муташаккил то охири соли 1992 фаъолият бурдааст. Қурбонов Э.С. ҳангоми сӯҳбат оиди ташкил ва рафти кори Иҷлосияи тақдирсоз ҳодисаҳои таърихии кишвар ва фаъолияти худ дар давраҳои муташанниҷи  ҷанги  таҳмилӣ сухан кард.         Айни ҳол  Қурбонов Э.С. ҳамчун аъзои Шӯрои  собиқадорони  ҷангу меҳнати  шаҳри Бӯстон ва тарғиботчии фаъоли шаҳр барои тарбияи насли наврас ва ҷавон саҳми босазо мегузоранд.

2 Responses to Қадршиносӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Иҷлосияи тақдирсоз

  1. sharofat:

    moy lubimiy,rodnoy,blagorodniy i mujestvenniy papa,pozdravlyayu tebya i ves` tajikskiy narod so znamenatl`nim dnem mira.Tvoy vklad navsegda ostanetsa v istorii.

  2. sharofat:

    tashakkuri mahsus ba raisi kumita muhtaram Sarfaroz Fattohzoda.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>