Бо мақсади тақвияти дониши сиёсӣ

km

КУҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. Имрӯзҳо дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз доир намудани чорабиниҳои мухталифи ҷашнӣ идома дорад. Ҷои хурсандист, ки дар ин самт ташкилотҳои ибтидоӣ ва кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ низ ташаббускорӣ нишон медиҳанд. Ҳамин гуна як чорабинии хотирмон дар шаҳраки Меҳрон доир гардид, ки дар он раиси КИ ҲХДТ Имоммуҳаммад Наврузов иштирок ва баромад намуд. Зимни мулоқоти худ бо аҳолӣ номбурда оид ба моҳияти сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат, ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ маълумот дода, онҳоро ба созандагию ободонӣ даъват кард. Дар интиҳо саволу ҷавоб доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>