Санҷишҳои дохилиҳизбӣ

DSC_4794

ГУЛИСТОН. Намояндагони кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ аз ташкилоти ибтидоии шаҳраки Чоруқ-даррон боздиди корӣ ба амал оварданд. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои таърихии давлатамон дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳраки мазкур нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, тибқи он фаъолият намуда истодаанд. Кор дар самти занон ва ҷавонон низ дар сатҳи зарурӣ буда, оид ба ташкили гӯшаҳои ҳизбӣ ва ҳуҷҷатнигории ҷорӣ маслиҳатҳо дода шуд. Ҳамчунин худи ҳамин рӯз муҳосиби кумитаи иҷроия санҷиши молиявӣ гузаронид. Дар рафти санҷиш баъзе норасоиҳо мушоҳида гардид, ки барои рафъи онҳо ва ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузориҳои молиявӣ мӯҳлат ва маслиҳатҳо дода шуд. Санҷишҳои дохилиҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии шаҳракҳои Гулистон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>