Пешрафти кори ҳизб дар сифату шумораи аъзост

novyy_risunok_1

СПИТАМЕН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен яке аз самтҳои фаъолияти худ — зиёд кардани сафи аъзо ва нишондоди сифатии онҳоро ба мадди аввал гузоштааст. Бо дарки ин муҳимият дар ташкилотҳои ибтидоии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ташкилоти ибтидоии назди кумиҷроия ба узвияти ҳизб нафарони нав қабул карда шуданд. Қабулкунӣ асосан аз ҳисоби ҷавонону занони фаъол сурат гирифта, ҳадафи асосӣ саҳмгирӣ дар пешрафти фаъолияти ҲХДТ мебошад. Бино ба гуфти раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Ойбек Насруллоев теъдоди аъзоёни ҳизб дар ноҳия 5403  нафарро дарбар мегирад ва ин нуқтаи охирин набуда, кор дар ин раванд тақвият хоҳад ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>