Иҷлосияи тақдирсоз

20 (5)

ИСТИҚЛОЛ. Дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии шаҳр Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи “Иҷлосияи тақдирсоз” ташкил ва гузаронида шуд. Тарғиботчиён аз ҳисоби фаъолон, вакилон, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд. Роҳбари бахши шаҳрии ТҶҶ “Созандагони Ватан” М.Ниёзов баромад намуда, қайд кард, ки баъди дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои аввалини сулҳу субот байни қувваҳои мухолиф гузошта шуд. Инчунин пойдевори давлати навини Тоҷикистон гузошта шуд. Маҳз хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон дар давлати тоҷикон вазъиятро муътадил гардонида барои ноил гардидан ба созиши миллӣ шароит фароҳам оавард. Аз ҳамон рӯз сар карда дар парлумон равобити таърихиву дӯстонаи дигар мамлакатҳо бо ҷумҳуриямон боз ҳам бештар мустаҳкам гардид. Тоҷикистон фаъолияти худро ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз рӯи принсипҳои муосири демократӣ оғоз кард. Маҳз бахти тоҷикон буд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар лаҳзаи барои сарнавишти миллионҳо одамон пурхатар ва дар лаҳзе, ки ҳаёт ва осоиштагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ зери хатар буд,  доир гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>