Баҳри густариши фаъолият

IMG-51586712ddb0f98d2efb23e8eaec01b-V

ГУЛИСТОН. Бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҷаласа баргузор гардид. Раиси КИ ҲХДТ Ҷамолиён Муслимахон зимни суханронии хеш аз дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ ёдовар шуда, қайд намуд, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани маърифатнокии сиёсии мардум ин тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ маҳсуб шуда, риояи талаботҳои оинномавии ҳизб ҳатмӣ мебошад. Ӯ афзуд, ки ҳарчанд фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ қаноаткунанда бошад ҳам, дар ин самт баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд. Чанде аз сарварони ташкилоти ибтидоӣ баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта таклиф пешниҳод намуда, аз нақшу мақоми ҲХДТ ҳарф зада, омодагии ҳизбиёнро барои баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ баён карданд. Ҷаласа бо вазифагузориҳои раиси кумитаи иҷроия ба анҷом расид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>