Ватан ва ватандорӣ

image-0-02-04-79cab39507a6c6ec49b198c475503df8dc9a6a7e045a26e4613c1d1e25abedb9-V

ШАҲРИСТОН. Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо назардошти нақши ояндасози муҳассилини макотиби миёна дар як қатор муассисаҳои таълимӣ силсилаи вохӯриҳоро ба роҳ монд. Дар доираи ин силсиламулоқотҳо соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Ватан ва ватандорӣ» доир гардид. Бо истифодаи усулҳои интерактивӣ ва иштироки фаъолонаи толибилмон дарки маънӣ ва чӣ будани садоқат ба Ватан баррасӣ гашт. Дар соати тарбиявӣ Рустам Қодиров — раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ширкат ва баромад кард. Дар он аз ҷумла қайд гардид, ки дӯстдории Ватан аз дӯстдории макони зист, мардумони он ва ҳиссагузорӣ дар пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар оғоз хоҳад шуд. Ҳарчӣ қадар мо дар пешрафту тараққиёти кишвар саҳмгузор бошем, ҳамон қадар он дарак аз ҳисси ватанхоҳиву ватанпарастии моро дорад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>