Қасри Арбоб-Қасри Сулҳ

P1280065

МАСТЧОҲ. Бо ташаббуси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ва нашрияи ҳизбии «Нигоҳи халқ»дар китобхонаи марказии ноҳия дар мавзўи «Қасри Арбоб-Қасри Сулҳ» конфронси адабӣ гузаронида шуд. Он бо сухани ифтитоҳии раиси кумиҷроия Дилшод Зокиров оғоз ёфт. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки 25 сол муқаддам дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба шарофати ин ҳодисаи тақдирсоз асосҳои давлатдории тоҷикон, низоми конститутсионӣ ва раванди демократӣ гузошта шуд, ки минбаъд ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳаи миллӣ, сулҳу субот, ташаккули шуури миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам шудани пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оварда расонид. Баъдан аъзои фаъоли ҳизб – роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия Муродулло Поччозода, Фахриддин Зокиров, Абдусалом Ҳикматов ва дигарон дар ин мавзўъ фикру андешаҳояшонро иброз дошта, қайд намуданд, баргузории чунин маҳфилу мулоқотҳо баҳри боз ҳам беҳтар намудани тарбияи насли наврасу ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо парваридани меҳанпарастиву худшиносӣ сабаб хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>