Иди ҳомиёни тартибот дар ноҳия

рузи милитсия 1

АЙНӢ. Дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхони Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ бахшида ба рӯзи «Милитсия» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода, муовини якуми раиси ноҳия М. Муродзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия А.Қобилзода, ҳайати шахсии шӯъбаи дар ноҳия будаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони милитсия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо,  омӯзгорон ва ҷавонон-аъзоёни ТҶҶ Созандагони Ватан ширкат варзиданд. Нахуст, Раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода ҳайати кормандони милитсияро табрик намуда, чунин қайд кард, ки “тинҷиву оромӣ ва зиндагии осиштаи ҳар яки мо, дар дасти кормандони ҳомиёни тартибот  аст.  Хушбахтона бо меҳнати софдилона ва шабонарӯзии  кормандони милитсия, тули 26 -сол аст, ки дар фазои рангину беғубори кишвар умр ба сар мебарем”. Сипас,  сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Хуршед Иброҳимзода  оид ба роҳи пуршарафи тайнамудаи милитсияи тоҷик изҳори назар намуд.  Дар баробари ин  ба муносибати рӯзи идашон, кормандони милитсияро прокурори ноҳия М.Арбобзода, Раиси суди ноҳия И. Ҷумъазода ва  собиқадори милитсия Т.Турсунов табрик намуданд. Дар идомаи чорабинӣ ба якчанд  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, ки баҳри ободиву осоиштагӣ ва амнияти сокинони ноҳия нақши муассир гузоштанд, аз ҷониби раиси ноҳия  Н.Раҳматуллозода Ифтихорномаҳо супорида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ, ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги ноҳия бо пешнишоди барномаи ҷадиди Ватанпарастии худ таъби иштирокчиён ва ҳомиёни тартиботи ноҳияро болида гардониданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>