Таъминкунандагони волоияти қонун

rml-sp

СПИТАМЕН. 9 ноябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен бахшида ба  Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанвӣ доир шуд. Дар чорабиниии мазкур раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, сардори Шуъбаи Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷиткистон дар ноҳия Зуҳурзода Шамсиддин ва собиқадорону кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ, фаъолон, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони идораву ташкилотҳо иштирок намуданд. Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим кормандони мақомоти милитсияро бо иди касбиашон табрик карда, қайд намуд, ки кормандони милитсияи тоҷик ҳамеша баҳри пойдории тартиботи ҷамъиятӣ саҳми муносиби худро мегузоранд. Имрӯз бар дӯши ин мақомот вазифаи басо пурмасъулият- муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, ҳифзи моликияти шахсӣ ва давлатӣ, риояи тартибот ва таъмини волоияти қонун гузошта шудааст. Дар ҷамъомад ҳамзамон як гуруҳ кормандони мақомоти милитсия бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>