Ҷашни рӯзи касбии ҳомиёни тартибот

DSC_1882

ҶАББОР РАСУЛОВ. Рузи гузашта дар қасри фарҳанги «Гулистон» иди касбии кормандони милитсия бо иштироки раиси ноҳия Салимзода Комил, раиси КИН ҲХДТ Одилзода Рустам, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони Вазорати корҳои дохили дар ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва фаъолони сохторҳои марбутаи ноҳия таҳти унвони «Ҳомиёни тартибот» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия бо сухани табрикоти баромад намуда, тамоми кормандони милитсияро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, қайд намуданд, ки ҳомиёни тартиботи ҷамъияти дар ҳудуди ноҳия баҳри таъмин намудани сулҳу суббот амнияти ҷомеа ва давлатамон содиқона хизмат намуда истодаанд. Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри дастгири ва қадр намудани кормандони милитсия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои фаъолияти пурсамар баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳои содиршуда ба 12 нафар кормандони Вазорати корҳои дохила дар ноҳия «Сипоснома»-и раиси ноҳия, ба 40 нафар собиқадарони ҳифзи ҳуқуқ ва 10 нафар кормандони шуъба тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Инчунин ба 15 нафар оилаҳои кормандоне, ки дар задухӯрдҳои ҷангҳои шаҳрвандӣ ҳалок гардидаанд, кӯмакҳои яквақтинаи пулӣ расонида шуд. Ғайр аз ин барои беҳтар намудани шароити кории кормандони шуъбаи милитсия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як адад компютер бо ҳамаи таҷҳизотҳояш супорида шуд. Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохили дар ноҳия полковники милитсия Бобоназарзода Алиҷон Бобоназар ва кормандони милитсия аз қадрдонии Ҳукумату давлат рӯҳбаланд гардида ваъда доданд, ки аз ин ҳам беҳтару хубтар баҳри таъмини сулҳу субот, тартиботи ҷамъияти хизмат хоҳанд кард. Баҳри болидахотирии кормандони милитсия ва иштирокчиёни чорабинии идона бахши фарҳангӣ ноҳия барномаи рангини консертӣ пешниҳод намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>