Тарбияи ватанпарастии ҷавонон: воқеият ва дурнамо

20170920_100621

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бо ташаббуси кумиҷроияи вилоятии ҳизб бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид. Дар радифи ҷавонони фаъол Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода  ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Маъруф Акбарзода иштирокчии конфронси мазкур буданд. Оид ба аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатӣ, тақдирсозии Иҷлосияи ХVI ва нақши он дар пешрафти Ватанамон дар назди ҳозирин аъзоёни маҳфили мубоҳисавии сиёсии кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ устодони  муассисаҳои олии маркази вилоят Алимов Ботур ва Мухторов Киромиддин баромад карданд. Сарфароз Фаттоҳзода зимни баромадаш дар мавзӯи «Тарбияи ватанпарастии ҷавонон: воқеият ва дурнамо» диқкати аҳли толорро бештар ба масъалаҳои худшиносию огоҳии миллӣ, ватандӯстию ватандорӣ, ҳамеша омода будан ба хизмати халқ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ ва ҳамкории доимӣ бо ҳизби пешбари ҷомеа даъват намуд. Вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим фикрҳои ҷолиб ва дастурҳои муфид баён гардиданд. Дар рафти мубодилаи афкор ҷавонон ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд. Бо ҳамин конфронси илмию амалӣ ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>